МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "НАВОБОД-МТМУ №12 " - И НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳо ҳар шанбе ва якшанбе то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бо ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо дар идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навобод-МТМУ №12" – и ноҳияи Восеъ бо иштироки васеи аъзои ташкилот, кормандон омӯзгорон ва хонандагон ҳашари дастҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҳашари баргузоргардида, иштирокчиён дарахтони гирду атрофи муассисаро ба тартиб дароварда, ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинониданд ва миёни гулҳои саҳни биноро аз алаф озод намуда, боз гулҳои гуногуни ороишӣ шинониданд.