Ҷавонон дар ободи ноҳия саҳм мегузоранд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба мусоид омадани боду ҳаво ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ-и ноҳияи Восеъ  дар тамоми шаҳраку деҳотҳои ҳудуди ноҳия тариқи ҳашари дастаҷамъона маракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча баргузор гардида истодааст.Дар ин замина ташаббускориҳову дастгириҳои аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат ёфта, хонандагон ва омӯзгорони МТМУ №69-и ноҳияи Восеъ ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча ва мевадиҳанда оғоз бахшиданд. Ҳамзамон иштирокдорони ҳашар гирду атрофи муассисаро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтонро нарм намуданд. Чунин иқдомҳо бо мақсади ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дорад.