ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо намудани муҳити атроф ва ба ҳусни табиат зинат бахшиданди диёри хеш дар санаи 20.01.2024 дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ  гузаронида шуд.Бо ибрози назар бояд тазаккур дод, ки дар рафти ҳашар тамоми омӯзгорону кормандони хоҷагии муассисаҳои таълимӣ ширкати фаъолона дошта, дар шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ ва нарм намудани заминҳои наздимуассисавӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Ҳифзи муҳити зист, саҳм гузоштан дар сарсабзиву хураммии он, дар ободиву шукуфоии он вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост. Бинобар ин сабаб сокинони ноҳияи Восеъ ҳамеша дар шукуфоии Ватан саҳми муносиб гузошта, доимо дар пайи корҳои созандагиву бунёдкори талош менамоянд.