МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва сунати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар аст. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи кишвар таваҷҷуҳ намуданд ва ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастур доданд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Восеъ ва омӯзгорону кормандони муассисаи мазкур маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Иқдом аст, ки чунин амалҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то муассиса боз ҳам хурраму сарсабз гардад.