МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи кишвар таваҷҷуҳ намуданд ва ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастур доданд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва бо ташаббуси сокинони меҳнатдӯсту савобҷӯӣ ноҳия дар ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд. Дар ин маърака дар шафати шоҳроҳи Восеъ- Ховалинг зиёда аз 400 бех ниҳолҳои сояафкан ва ороиши шинонида шуданд.Ҳашарчиён ва роҳгузарон нисфирузи гирди оши палов оиди боз ҳам саҳм гузоштан дар ободии ин гӯшаи Тоҷикистон сӯҳбати дӯстона доштанд.