Дар сарсабзиву хуррамии диёр саҳми босазо мегузорем.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони гуногун сокинони меҳандӯсту ободкори ноҳияи Восеъ ҳар як ваҷаб замини бекорхобидаро самаранок истифода намуда истодаанд.Дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳия сокинон дар замини наздиҳавлигии муассисаи таълимии №15 тухмии дарахтони ороишии ҳамешасабзи навъи арча шинонида, аз нашъунамои он маълум аст, ки аз он ҳосили хуб низ  ба даст хоҳанд овард. Ва бо ин роҳ онҳо дар сарсабзу хуррамгардонии ҳудуди деҳа ва ҳамчунин ноҳия саҳми муносиби хешро хоҳанд гузошт.