Баргузории Соати сиёсӣ дар Мактаб интернатӣ барои хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Кадӯчӣ, Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов дар мактаб- интернат барои хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ соати сиёсӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Шодибеги Идӣ ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  вобаста ба ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо” ва оид ба баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, минбари Созмони Миллали Муттаҳид, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ташкил ва баргузор карда шуд.