ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ноҳияи Восеъ шахсони барои аъзошавӣ ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ муроҷиатнамуда ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил карда шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.. Қабл аз тақдими шаҳодатномаҳои ҳизбӣ Мирзоев Сафаралӣ –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои нав оид ба таърихи таъсисёбӣ, моҳият, вазифа ва нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа, ӯҳдадориҳои аъзои ҳизб, зарурати масъулиятшиносии аъзо суҳбат намуда, аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро омадани Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамчунин масъулин аз аъзои нав дарки масъулият, саҳм гузоштани дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбиро талаб намуд.