Соати сиёсӣ-мусоидат дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастиву ватандӯстӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори муассисаи таълимии №1-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ соати сиёсӣ миёни хонандагон ва омӯзгорон вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони ”Ҷавонон -Паём ва манфиатҳои миллӣ” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “ҳифзи пиряхҳо” ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баргузор карда шуд. Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби баромадкунандагон иброз гардид, ки  ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлоли рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат самти афзалиятнок эълон гардид. Дар ин муддат мардуми тоҷик тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Тоҷикон аз азал миллати шаҳрсозу шаҳрнишин мебошанд бинобар ин сабаб ҳар як тоҷики худогоҳу хештаншиносро зарур аст, ки ба қадри ҳамаи арзишҳои миллӣ расад ва онро ҳифз намояду дар пойдору устувории он саҳмгузор бошад.