Баргузории озмуни расмкашӣ миёни хонандагон бахшида ба ҷашни 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар рӯҳияи қадршиносӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи онҳо, садоқат ба анъанаҳои миллӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, меҳандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ дар назди бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ таҳти унвони “Ҳафтаи ҲХДТ” озмуни “Рассоми беҳтарин” таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созанда!” миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баргузор гардид.Зимни баргузории озмуни мазкур хонандагон расмҳои зеборо тасвир намуда, пешкаши ҳакамон гардонида, баҳои баландро соҳиб гардиданд. Ғолибони озмуни мазкур зимни баргузории чорабинии тантанавии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бо Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия қадрдонӣ гардиданд.