Дастгирии маъюбон ва кӯмак ба онҳо амали хайр аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон ва табақаҳои камбизоат дар арафаи таъсисёбии 29-солгарди таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ  бародарон Раҳимовҳо, ки маъюб буда, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ мебошанд , аёдат карда шуда, ба онҳо тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.Зимни сӯҳбат раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сафар Ҳафиза иброз дошт, ки ҳадафи асосии ҲХДТ ин дастгирии ашхоси камбизоату эҳтиёҷманд, маъюбу барҷомонда ва дар умум ғамхорӣ намудан ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин саҳм гузоштан дар зиндагии шоистаи сокинон мебошад. Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ҳамаи саъю кушишҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинони кишвар равона сохтааст. Ва мо бояд шукргузор аз сулҳи пойдор ва оромиву тинҷии сарзаминамон бошем.