БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ СИЁСӢ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БИНОИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 05-уми декабри соли 2023 дар доираи эълон гардидани “Ҳафтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи ба ифтихори 29–солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, кормандони масъули ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ,  аъзоёни фаъоли ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Пеш аз оғози чорабини ба иштирокдорон наворе аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии ҲХДТ , саҳми аъзоёни фаъоли ҳизб дар он ва то ба истифода супурда шудани бино гузошта шуд ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, тамоми собиқадорону аъзоёни ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро ба ҷашни пуршукӯҳи 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳният намуда, доир ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сиёсати онро аксарияти мардум тарафдорӣ мекунанд, тавассути фаъолияти бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ, бо дарки масъулияти зиёд ва қудрати зеҳнии аъзоёнаш, бо дастгирии неруҳои дигари сиёсию ҷамъиятӣ дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ нақши ҳалкунанда бозидааст, изҳори андеша кард.

Дар чорабини ҳамаи баромадкунандагон оиди дастоварду фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар давоми 29-сол ва ҳадафи ҲХДТ, ки пеш аз ҳама муттаҳиду сарҷамъ сохтани аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, шукрона аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар раванди бунёдкорию созандагӣ мебошад, андешаҳои хешро зикр намуданд.

Дар охири қисми тантанавии чорабинӣ ба якчанд нафар аъзоёни нав ба сафи ҳизб қабулгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, ҳамзамон чанде аз собиқадорон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардонида шуданд.