Табрикоти Роҳбарияти Олии ҲХДТ ба собиқадорон расонида шуд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аёдат намудани собиқадорони соҳаҳои гуногуни мамлакат дар арафаи иду ҷашнҳо бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ собиқадори соҳаи маориф, аъзои фаъоли ҲХДТ, Муҳидинова Холмоҳ , аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ –Сафар Ҳафиза Разоқ аёдат карда шуд.

Муҳидинова Холмоҳ бистари асту, пойҳояш дардманданд. Роҳ рафта наметавонад. Холмоҳ Муҳиддинова, соли 1962 баъди хатми донишгоҳи омӯзгории ба номи Шевчеко, факултаи таърих ба деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ баргашта дар муассисаи таълимии №11 муаллима шуда, насли навраси деҳа аз Ӯ ғизои маънави бардошта фанни таърихро омӯхтанд. Дар синни 84 солаги нутқи бурро ва бо санъати баланд сухан мегӯяд, ки аз сӯҳбаташ як ҷаҳон баҳра бардошт мекунад ҳар шахсе, ки бо Ӯ ҳамсӯҳбат шавад.