Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби вакилони хайрхоҳ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баъд аз сафари кории Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба ноҳияи Восеъ сокинони меҳандӯсти ноҳия ба худ илҳоми тозае гирифтанд. Махсусан соҳибкорону вакилони ноҳиявӣ тасмим гирифтанд дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободии ноҳия ва дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми муносиби хешро гузоранд. Яке аз вакилони ватандӯсту миллатдӯст Азизов Саймухтор мебошад, ки дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ саҳми хешро гузошта истодааст. Албатта бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад. Айни замон дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи номбурда, махсусан омӯзгорони мактаб, саҳми калон гузошта истодаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.