Таблиғи рӯзномаҳои ҳизбӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар шахсе, ки матбуоти давриро мехонад, вай соҳиби завқи солиму ҷаҳонбинӣ ва тафаккури васеъ мешавад. Воқеан, рӯзнома – минбари озод, оинаи таърих ва тарғибгари арзишҳо мебошад. Ба қавли Устод Айнӣ «қавме, ки рӯзнома надорад, оянда надорад». Хондану мутолеа кардан ба хурду бузург манфиати зиёд дорад ва шахсе, ки пайваста мутолеа менамояд дар зиндагӣ комёбу муваффақ аст.Бо мақсади таблиғу ташвиқи фаъолияти ҳизбӣ ва огоҳ намудани шаҳрвандон аз руйдодҳои кишвар ва ҲХДТ ба сокинони ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари Халқ ” ва “Ҳамрози Халқ” ройгон тақсим карда шуд. Ҳангоми тақсимоти рӯзномаҳо ба сокинон мавзӯъҳое, ки дар рӯзномаҳо ҷой дода мешавад фаҳмонида шуд. Қайд гардид, ки дар ҳолати мутолеаи рӯзномаҳо сокинон метавонанд ҳар ҳафта аз тамоми хабару ҳодисаҳо бохабар шуда, инчунин маводҳои таҳлиливу илмиро мутолиа намоянд.