Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад...

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори хурди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад...” бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “ Созандагони Ватан” баргузор гардид.Зимни баргузории Мизи мудаввар Шодибеги Идӣ-мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия иброз дошт, ки боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид.

Дар идома Мизоев Сафарали- муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия  қайд намуд, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Пас вазифаи ҳар як ҷавони бо ору номуси ватан низ аз эҳтирому арҷгузории ин муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.