Аёдати куҳансолон амали хайр аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафа Ҳафиза Разоқ дар якҷояги бо якчанд нафар собиқадорони меҳнат  ба аёдати бобои Акрам Раҳимов  рафта, ба он шахс тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд.  Бобои Акрам Раҳимов 101 сола буда, дар шиносномааш санаи таваллудаш 2- юми январ соли 1923 сабт шудааст. 80 соли умри бобои Акрам ба деҳқони гузаштааст. Падари чор фарзанд ва бобои зиёда аз 90 набера, абера, чабера мебошад. Таоми писандидааш гардсуз аст. Ҳамроҳ бо бобои Акрам дар ноҳияи Восеъ нӯҳ нафар куҳансолон синашон аз сад сол зиёд умр ба сар мебаранд. Ҳашт нафари онҳо занон мебошанд.Зимни аёдат раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафа Ҳафиза Разоқ  иброз дошт, ки ҳаёт ва фаъолияти шахсони барӯманду соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат буда, маҳз Пешвои миллат ба собиқадорон тавҷҷуҳи хосса доранд ва нисбат ба онҳо ғамхорӣ менамоянд. Ин амали хайр боиси сарфарозии аёдатшудагон гардида, барои чунин ғамхорию дастгирӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.