То ҳол дар бораи омӯзгор ва нақши ӯ дар таълиму тарбияи инсон суханҳо гуфтаанду мегӯянд ва дар оянда низ хоҳанд гуфт. Зеро танҳо ҳамин нафаронанд, ки одамӣ аз ҷаҳлу нодонӣ раҳида, хубиро аз бадӣ, ростро аз дурӯғ ва сафедро аз сиёҳ фарқ месозаду ҳаёти шоистаеро барои худу наздиконаш муҳайё месозад. Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Омӯзгорон ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсониянд. Омӯзгорон ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд. Ва омӯзгорон хостгори муваффақии ҳар як инсон дар роҳи илму донишанд. Бешак, омӯзгорон қаҳрамонанд - қаҳрамони роҳи дониш, қаҳрамони роҳи таълиму тарбия ва қаҳрамони соҳибдониш намудани насли башар. Заҳмати софдилонаву содиқонаи онҳо ҳамеша қадр карда мешавад.. Зеро онҳо раҳнамунсоз ба баҳри беохири илму донишанд.Вобаста ба гуфтаҳои боло як қатор омӯзгорони муассисаи таълимии №1- и ноҳияи Восеъ барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

ЗАҲМАТИ ОМӮЗГОР ҚАДР КАРДА МЕШАВАД
Восеъ: