Сокинони деҳаи Иттифоқ дар ободии деҳаи худ саҳм мегузоранд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, рӯзҳои истироҳат сокинони деҳаи мазкур ба ободии диёр машғуланд. Сокинони диёрдори деҳаи Шобика иқдоми шоистаи ибрат ва тарғибро ихтиёр карда роҳҳои дохилии деҳаро сангфарш кардаанд ва барои таъмини аҳолии деҳа бо неруи барқ аз тарафи худи сокинон симчӯб оварда шуда, онҳо васл карда шудаанд. Дар иҷрои ин кор саҳми аҳолии деҳа назаррас буда, аз сарҷамъию тифоқӣ ва диёрдорию ободкории сокинони деҳа шаҳодат медиҳад.Бояд тазаккур дод, ки сокинони деҳаи Шобика меҳнатдӯсту меҳандӯст буда, пайваста дар ободиву зебогии деҳаи худ саҳмгузоранд. Аҳсан ба сокинони иттифоқи деҳаи Шобика.