БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3-сентябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 "Аксияи тозагӣ" ба истиқболи 32-умин солгарди Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 510 нафар хонандагон, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорон, раиси ноҳия муҳтарм  Шарифзода Ҷамшед, раиси раёсати молияи ноҳия Мирзовализода Одил ва дигарон иштирок намуда гирду атрофи муассисаро тоза намуданд,Дар ҳашари дастаҷамъона мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Солеҳзода Рустам низ иштирок намуда чунин иқдомро, ки дар дигар муассисаҳо низ гузаронида шуда истодааст ба пешвоз солгарди соҳибистиқлолии ватан азизамон унвон намуд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия ин иқдомро наҷибона унвон намуда минбаъд ҳам дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома меёбад. Раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Шарифзода Ҷамшед  чунин "Аксияҳои тозагӣ"-ро иқдоми хуб гуфта таъкид ба он овард, ки бояд ҳамеша гирду атроф ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ тоза бошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик миллати тамадунофар ва зебою маърифатпарвар буд. Ба иштирочиёни шанбегӣ барои пеш гирифтани ин иқдом аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аҳсан хонд.