Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ корҳои сохтмон ва азнавсозӣ  тоба ҳол ҷараён дорад. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба соли хониши нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и ноҳияи Восеъро дидан намуданд.Бояд қайд намоем, ки коллективи омӯзгорон дар корҳои таъмиру тармим саҳми назаррас доранд. Ба муассисаҳои таълимӣ барои расонидани ёрии амалӣ дар таъмири муассиса собиқ хатмкунандагони ин даргоҳ ҷалб карда мешаванд. Зимнан зимни боздид роҳбарияти муассиса қайд намуданд, ки таълиму тарбияи насли ҷавон ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил ба онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбад. Ҳамзамон иброз гардид, ки дар рӯзҳои наздик корҳои рангубору азнавсозӣ ба анҷом расида, муассисаи мазкур барои истифода омода мегардад.