Вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашнҳои миллӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома доранд. Ва ин шаҳодати он аст, ки сокинони меҳандӯсту ободкор, хайрхоҳу ватанпарвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷиби созандагиро пешаи худ намудаанд. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ назди ташкилоти ибтидоии “Султони Кабир”–и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия сангфарш ва бетонпуш (стяшка) карда шуда корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт то ба ҳол ҷараён дорад.