Ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и деҳаи Восеободи калони ноҳияи Восеъ бунёди синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад. Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" роҳандозӣ гардида, бо кӯмаки аъзои фаъоли ҳизб ва шахсони саховатманд бунёд ёфта истодааст.Албатта бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад. Айни замон дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи номбурда, махсусан омӯзгорони мактаб, саҳми калон гузошта истодаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.