КОРҲОИ ТАХТУ ҲАМВОРКУНӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави хониш дар ноҳия Восеъ корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.Дар муассисаи таълимии №2-и деҳаи Арали ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ таъмири синфхонаҳо ва бинои муассиса пурра ва бо сифат анҷом ëфта, корҳои ободонӣ дар гирду атроф ва назди муассиса идома дорад. Айни замон дар назди муассисаи таълимии номбурда корҳои тахту ҳамворкунӣ ва тозагардонии ҷӯйборҳо ҷараён дошта, дар ин амали хайр директори муассиса, омӯзгорон ва кормандони техникӣ саҳми худро гузошта истодаанд.