Соли нави хониш дар синфхонаҳои тозаву барҳаво шурӯъ мегардад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияи Восеъ тозагӣ, рангуборкунӣ ва ободонӣ вусъати тоза меёбад. Коллективи кормандони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои омодакунии муассисаҳо барои соли нави хониш пардохтаанд.Дар муассисаи таълимии №7-и ноҳияи Восеъ низ омӯзгорон сидқан баҳри ободу зебогардонии муассиса машғул мебошанд. Онҳо саҳну дохили муассисаро рӯбучин намуда, дару тирезаҳоро шустушӯ намуданд ва шиору овезаҳоро насб карданд. Итминон меравад, ки соли нави хониш дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва муҳайё бо шароити мусоиди корӣ шурӯъ мегардад.