Муассисаи таълимии №17-и ноҳияи Восеъ барои соли нави хониш пурра омода аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шодмонию соҳибхирадӣ, бузургиву накӯандешӣ ва росткориву бузургдилӣ маҳз аз мактаб падид меояд. Онро муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст. Бо мақсади ободу зебо гардонидани муассисаи таълимӣ ва истиқболи шогирдон дар Рӯзи дониш дар синфхонаҳои тозаву озода ва кушоду барҳаво дар муассисаи таълимии №17-и деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ омодагиҳо барои соли хониши солҳои 2023-2024 бо маром ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Ногуфта намонад, ки дар муассиаи номбурда тамоми синфхонаҳо азнавсозӣ гардида, деворҳои берунӣ, дохилӣ, роҳраву толорҳо рангубор карда шуданд. Дар деворҳо ва саҳни муассиса парчаму шиорҳо низ насб гардиданд.