Ҷараёни корҳои ободонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар гирду атрофи муассисаи таълимии миёни умумии рақами 56-и деҳоти Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳия корҳои ободноии гирду атрофи муассиса бо маром идома дорад. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи омӯзгорони меҳнатдӯсти муассисаи мазкур роҳрави беруниву дохилӣ ва саҳни мактаб рӯбучин гардида, деворҳои он рангубор гардид, ки ин иқдоми неку ғамхорона мебошад. Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки то оғози соли нави хониш ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободноӣ ва азнавсозӣ дар атрофи муассиса ҷараён хоҳад дошт.