Шароити хуби таҳсил барои хонандагон муҳайё гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45- и деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. Инчунин як қисми саҳни муассиса сангфарш карда шуд.Бояд қайд намуд, ки мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест нафаре, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва хонандагон соҳибистеъдод мегарданд. Пас дар шароити хуб нигоҳ доштани мактаб вазифаи ҳар як шахси хирадманд мебошад. Бинобар ин сабаб роҳбарияти муассисаи номбурда сидқан талош намуданд, то шароитҳои хуби таҳсилро барои хонандагон фароҳам оранд.