ОМИЛИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ АЗ ИСАТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН АСТ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ҳамагон маълум аст, ки дўст доштани замин, истифодаи самараноки он беҳтарин роҳи зиндагии шоиста ва омили рӯзгори босаодати мардум аст. Тоҷикистони азизи мо табиат ва иқлими мусоид дорад ва ин ба мо имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи оқилонаи замин рӯзгорамонро сафо бахшем.Вобаста ба ин дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ низ сокинон баҳри рӯзгори босаодати хеш ва таъмини бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулотҳои тару тоза дар заминҳои худ анвои гуногуни ғизоиро кишт намуда, заминҳоро самаронок ва мақсаднок истифода намудаанд. Зимни боздид аз заминҳои сокинон мутахасиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Олимов Раҳмоналӣ қайд намуд, ки вобаста ба истифодаи оқилонаи замин тавсияҳои сарвари муаззами кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ аст. Пешвои муаззами миллат доимо ғамхори мардуми сарбаланди тоҷик буда, пайваста тадбирҳоеро меандешанд, ки барои манфиат ва рӯзгори рангину босаодати халқ нигаронида шудааст ва дар амал татбиқ намудани он ҳама ҳидоятҳо ва дастурҳои эшон ба мо имкон медиҳад, ки барои таъмини аҳли хонавода бо маҳсулоти худии хушсифат ва барои таъмини амнияти озукаворӣ дар кишвар мусоидат намояд.