Иқдомҳои созанда баҳри фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ мегарданд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи таблиғотию ташвиқотии ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" тайи чанд сол аст, ки миёни мардуми созандаву бунёдкори ноҳияи Восеъ ҳамовозии зиёде касб намудааст. Ҳизбиёни ноҳия назар ба солҳои қаблӣ татбиқи Аксияи мазкурро дар соли равон  ҷиддӣ ба роҳ монда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд. Чунин як иқдоми созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар кӯчаи А. Синои  Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ роҳандозӣ карда шуд, ки дар доираи он аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпеша корҳои таъмини сокинон бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза ҷараён дорад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинони ватандӯсти маҳаллаи А. Сино иштирок намуда, амали созандагии онҳоро туҳфаи ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.