БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ҲУЛБУКИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои ноҳия, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ санаи 26 – уми июли соли ҷорӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия, масъулини ҷамоати номбурда ва сокинони меҳнатдӯст дар аксияи умуиноҳиявӣ зери унвонӣ “Дар тозагии маҳали худ саҳм мегузорем!” дастаҷамъона иштирок намуданд. Ҳамзамон, ин маъракаи муҳим, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ноҳия мебошад, иштирчиён кӯчаву хиёбонҳоро рӯбучин карда, партовҳои дар ду тарафи роҳбударо ҷам намуда бо тариқи техникаҳои зарурӣ кашониданд, новаҳои бетонии обгузари сари роҳро аз партовҳо ва ҷӯйборҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд, инчунин дарахтонро сафед карданд. Ҳамазамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия чунин корҳои тозагӣ пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.