БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ сохтмони синфхонаи иловагӣ ҷараён дорад.Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Солиҳзода Рустам аз рафти корҳо дидан намуда, ба сохтмончиён барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.