Муассисаи томактабӣ аз таъмирӣ ҷори бароварда шуд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор истиқбол намудан аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаи томактабии №5 –и ҷамоати деҳоти Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо таъмини шароити хуби таълимӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ барои кӯдакон ҳадя карда шуд. Ҳадаф аз гузаронидани таъмири ҷории муассисаи томактабӣ муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас мебошад.Бояд қайд намоем, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расондани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Сол то сол шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур меафзояд.