ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия Восеъ бо ташаббус ва корбарии масъулини муассиса корҳои таъмиру азнавсозӣ ва рангу бор намудани мизу курсиҳо ва деворҳои гирду атрофи мактаб бо маром идома дорад. Корҳои ободони бо дастгирии асотсиатсияи падару модарони ва шахсони саховатманди дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маоириф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” амали шуда истодаанд. То имрӯз кисми зиёди синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда мизу курсиҳо ранг карда шудаанд. Ба таътил нигоҳ накарда масъулин ҳамарӯза аз рафти корҳо дар муассисаҳо пайваста пайгири намуда, омодагиро барои соли нави хониш дар сатҳи баланд ба анҷом мерасонанд.