ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДОИРАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "МАКТАБИ МАН"

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таъҳсилоти миёнаи умумии №50-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзо ва чонибдорони ҳизбӣ ва саҳмгузории шахсони саховатманд корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳо бо маром ҷараён дорад. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ аз рафти таъмири муассисаи номбурда дидан намуд. Бояд гуфт, ки маъмурияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 Асотсиатсияи падару модарон ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ тасмим гирифтанд, ки то оғози соли нави хониш таъмири капиталиро анҷом диҳанд. Айни замон таъмиру рангубори дарун ва берун, инчунин ошхонаи муассиса бо маром ҷараён дорад.