Муассисаи таълимӣ барои соли хониши нав пурра омода аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Восеъ таъмиру азнавсозӣ гардида ба соли хониши нав пурра омода аст. Таъмиру азнавсозии муассиса дар доираи ташаббуси ҳизбӣ зери унвони "Мактаби ман!" роҳандозӣ гардида, бо саҳми маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ амалӣ карда шудааст.

Зимни боздид аз рафти корҳои азнавзозӣ мудири маорифи ноҳияи Восеъ Солиҳзода Рустам аз корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам муҳайё намудани шароити хуб барои хонандагон ба масъулон маслиҳатҳои муфид доданд. Дар воқеъ давлату Ҳукумати кишвар дар сиёсати пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои калидӣ эълон дошта, дар ин самт тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.