Корҳои мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳо оғоз гардиданд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ баробари бунёд кардани иншооти гуногун, аз ҷумла сохтмони биноҳои замонавӣ, таъсиси корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои маҳаллӣ низ идома дорад.

Ташкилу ба роҳ мондани чунин тадбирҳо ҳаракати мунтазами воситаҳои гуногуни нақлиётро хеле осон намуда, сокинони бе мушкили ҳаракат мекунанд. Аз ҷумла ҳоло бо дастгирии шахсони хайрхоҳу саховатпеша ба мумфаршкунии роҳҳои деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугарак оғоз бахшида шуд ва тули ҳафтаи сипаригашта зиёда аз 3 километр роҳҳои маҳалӣ мумфарш гардида, корҳо дар ин самт то ба ҳол идома дорад.