Муассисаи таълимӣ тибқи ташаббуси "Мактаби ман"барои соли хониши нав омода аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51- и ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд.  Бояд қайд намуд, ки мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест нафаре, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва хонандагон соҳибистеъдод мегарданд. Пас дар шароити хуб нигоҳ доштани мактаб вазифаи ҳар як шахси хирадманд мебошад.