Тӯҳфаи арзанда барои насли наврас дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз  соҳаи афзалиятнок арзёбӣ карда мешавад. Бинобар ин сабаб таваҷҷўҳ ба пешрафти таълиму тарбия дар кишвар сол аз сол афзун гардида истодааст. Бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои наврасону ҷавонон сохтмон ва азнавсозии бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳияи Восеъ рӯз аз рӯз вусъати тоза касб намуда истодааст. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Солиҳзода Рустам аз бинои иловагии муассисаи таълими №16-и ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳия, ки бо ташаббуси оилаи Камолзодаҳо сохта шудааст, дидан намуд. Бинои нави таълимӣ дар арафаи "Рӯзи Ваҳдат миллӣ" мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, ки ин тӯҳфаи беназир барои насли наврас дар ин ҷашни бошукӯҳ ба ҳисоб меравад..