Муҳайё намудани шароити хуб барои зиёд шудани сафи кӯдакони болаёқат мусоидат менамоем.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯдакон ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошанд ва муҳайё намудани шароити хуб барои онҳо вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад ташкилоти ибтидоии “Офтобак-Боғчаи №2”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Зимни боздид аз муассисаи мазкур маълум гардид, ки муассиса хуб аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон масъулини иброз доштанд, ки мо пеш аз ҳама ба кӯдакон шароитҳои хуб муҳайё намуда, сафи кӯдакони бомаърифату ватандӯст, садоқатманду болаёқатро зиёд карда, кӯшиш менамоем, ки Тоҷикистони азизи худро дар ҷаҳон бо маърифати волои инсонӣ муаррифӣ намоем.