Фароҳам овардани шароити хуб барои кӯдакони ояндасози кишвар вазифаи мост.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯдакон меваҳои ширинтарини бӯстони умри ҳар яки моянд. Ин меваҳои лазиз бояд бенуқсон ба воя расанд ва дар оянда коми  волидайни худро бо хулқи накӯву рафтори шоиста ва хидмати фидокорона ба манфиати диёри ободу зебоямон шодоб  гардонанд. Тарбияи фарзанди неку солеҳ муҳимтарин рисолати ҳар як падару модари банангу номуси тоҷик ва аҳли ҷомеа аст.Дар доираи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Восеъ ба таъмири асосӣ фаро гирифта шуда буданд. Муассисаи томактабии №5-и ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Бибинисо ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Солиҳзода Рустам мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Акнун кӯдакон метавонанд дар шароити хубу мусоид ба воя расида, аз имкониятҳои мавҷуда истифода баранд. Бояд қайд намоем, ки аз ҷеҳраи хандони кӯдакон, ҷидду ҷаҳди омӯзгорон ва пешравиҳои Боғчаи №5 баръало мушоҳида мешавад, ки онҳо шаҳодати эътимоди комил, садоқати бепоён ба роҳбари хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд.