Ақлу хирад инсонро ба мақсад мерасонад.

Восеъ: Андеша  

Инсоният аз дигар махлуқот маҳз бо ақлу хирадаш фарқ мекунад. Ҳар инсоне, ки аз ақлу хирад маҳрум бошад, зоҳиран инсон асту ботинан аз ин сифат маҳрум. Албатта, ақлу хирад модарзод буда, он ба хилқати инсон вобастааст. Аммо дигар хосиятҳои муҳимро инсон барои ташаккули дуруст дар рафти ҳаёт ба даст меорад. Ба мисли тарбияи комил, донишу заковат, муоширату муомила ва ғайра. Дар ҷомеа зиёд ба назар мерасад, ки бисёр нафарон дорои ақли солим ҳастанд, аммо аз он ки тарбияи дуруст надидаанду аз илму фарҳанг бебаҳра мондаанд, он чиро ки ҳаёти имрӯза аз онҳо талаб мекунад, дар худ надоранд.Одоб, рафтору гуфтори нек, аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳим ба шумор мераванд. Одоб ҷамъи калимаи адаб аст. Он ба маънии хулқу атвор ва рафтору гуфтори нек низ ба кор меравад. Ҳамчунин, одоб ин рафтори одамон дар ҷомеа нисбати якдигар мебошад. Одобу ахлоқ омили муҳими танзимгари рафтору кирдори фард ба шумор меравад. Ҳамаи он хислатҳое, ки дар инсон дида мешавад, маҳз аз одоб сарчашма мегирад: ростқавлӣ, хушгуфторӣ, вафодорӣ, поктинатӣ, нексириштӣ ва монанди ин. Муошират яке хислатҳоест, ки маншааш одоб аст. Чунин ҳам ҳаст, ки муоширати хуб аз ҳусну ҷамол боло меистад ва зебоиву ҳусну ҷамоли инсон аз ахлоқ ва одоби муошират вобаста аст. Муошират бошад, аз муносибати байни одамон ба миён меояд ва ин муносибатро маҳз тариқи сухан ба роҳ мемонанд.Костагӣ дар муоширати ҷавонон маҳз зимни суханронии онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасад. Ман ҳамчун як ҷавон мутаассифона, борҳо дидам, ки ҷавонон байни якдигар бо овози баланд, суханҳои  қабеҳ ва бидуни андешаи он ки дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳастанд, суҳбат мекунанд, ки касро дилгир месозад. “Бо ҳам баланду қабеҳ ҳарф мезананд. Дар муоширати ҷавонони имрӯз ифодаҳое, чун эҳтиром, самимият, меҳрубонӣ ниҳоят камёфт гардидааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст. Парваридани чунин эҳсосот аз муҳити оила сарчашма мегирад. Зеро ҳар нафаре, ки чунин муносибатро дар оила мебинад, бо тамоми ҳастӣ барои худ қабул менамояд, ки муоширати инсонӣ маҳз ҳамин аст. Гузашта аз ин, муносибати бидуни илтифот ва дағалона, ҳатто дар баъзе ҳолат, берун аз доираи одоби ҳамсинфон – писарон ва духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна касро ба шигифт меорад. Як ҳолати дигари аҷибу хилоф ба назар мерасад, ки ҷавонони имрӯз савод доранд, аз навгониҳои техникаи муосир огоҳанд, вале сатҳи одобу маданияти бисёрашон паст аст. Ҳол он ки дар ҷомеаи суннатии мо одоб мақомаш болотар аз саводу дороист. Хулоса, шароите, ки имрӯз давлату Ҳукумат барои ҷавонон муҳайё кардааст ва ҷавононе, ки дар оғӯши ин муҳит умр ба сар мебаранд, бояд, ки зиракию ҳушёриро аз даст  надода  барои мукамал шудани ояндаи худ бо рафтори кирдори намунавӣ кӯшиш намоянд.

Олимов Раҳмоналӣ, мутахассиси  бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ  КИ ҲХДТ  дар  н. Восеъ.