Вохӯрии муфид бо волидайни хонандагон

Восеъ:  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо кумитаи падарону модарон вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ бо иштироки аъзоёни фаъоли ҲХДТ, раиси ташкилоти ибтидоии муассиса иштирок намуда, дар рафти он як қатор масъалаҳои муҳим аз қабили

- Ҳамкории падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ,

- Сари вақт гузаронидани маҷлиси падару модарон;

- Аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ;

- Харидории сару либоси ягонаи мактабӣ;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд",

- саривақт иштирок намудани хонандагон дар дарсҳо ва доштани ашёҳои хониш,

-риояи сарулибоси тавсиявӣ,

-ба ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ сафарбар намудани муҳассилин,

-ташкилу роҳандозии корҳои ободонию тозагардонӣ,

-тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ,

- расидан ба қадри арзишҳои милливу давлатӣ,

-пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни ноболиғон

-риояи Қонун дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”

-оиди ташаббуси панҷуми Пешвои муаззами миллат дар бораи ҳифзи пиряхҳо

-сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

-истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ,

-риояи гигиенаи шахсӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ,

-оқилонаву самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва оби ошомиданӣ ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.