Шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.

Восеъ:  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида ва тоза ву озода нигоҳ доштани як гӯшаи меҳани худ, инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Н.Сулаймонов-МТМУ №61”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки ҷавонони меҳнатдӯсту ободкор шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Дар шанбеги ҷавонон гирду атрофи муассисаро аз алафҳои бегона тоза намуданд, бехҳои дарахтонро аз хасу хошок тоза карданд. Зимнан иштирокдорони шанбеги иброз намуданд, ки ҳадафи мо ҷавонон аз шанбегии мазкур тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф ва зебогии ноҳия мебошад. Дар ояндаи низ дар чунин шанбегиҳо иштирок намуда саҳми худро баҳри гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон мегузорем.