РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАФАРОБОД АМАЛӢ ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28-майи соли равон бо иштироки намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, сокинони савобҷӯ ва дигар фаъолони ҳизб, дар оромгоҳи деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия Аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.Бояд қайд намоем, ки аз баргузории аксияи мазкур сокинон хеле шод гардида, охири ҳар моҳ барои саҳм гузоштан дар чунин амали хайр оромгоҳҳои деҳаро тозаву озода менамоянд. Дар аксияи мазкур иштирокдорон дохил ва атрофи қабристонро аз хасу хошок ва алафҳои хушкшуда тоза намуда, саҳми арзандаи худро дар аксияи болозикр гузоштанд ва иброз доштанд, ки шод намудани рӯҳи гузаштагон амали хайру савоб аст. Бинобар ин сабаб кӯшиш менамоем то охири ҳар моҳ дар ин аксия фаъолона иштирок намоему аз савоби ин амали хайр бебаҳра намонем.