Ҳамеша баҳри дифои Ватан омода ҳастем.

Восеъ: Созандагони ватан  

Мусаллам аст, ки амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин амр пайваста тадбирҳои муайяну мушаххас меандешад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ машқҳои омодагии дифои ҳарбӣ гузаронида шуд, ки баргузории чунин машқҳо хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихорӣ миллӣ тарбият менамояд.Воқеан баргузории чунин машқҳо боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҷавонон шуда, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки ин омодагиҳо масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло мебардорад. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт. Хулоса, ҷавонони бо ору номмус ҳамеша баҳри дифои Ватан омода ҳастанд!