Идомаи мусобиқаҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи кӯдакон.

Восеъ: Созандагони ватан  

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Дар МТМУ №50-и ноҳияи Восеъ мусобиқаи дастхобонӣ миёни писарон ва ҳам духтарон баргузор гардид.Ногуфта намонад, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни хонандагон, беҳтар намудани саломатӣ ва хубтар ба роҳ мондани маҳорати касбии варзишӣ мебошад.