“Соати сиёсӣ”-дарси ибратбахш барои ояндаи дурахшони хонандагон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар асоси амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби вакилони ҳизбӣ хонандагони синфҳои болоии ташкилоти ибтидоии “Заркорон - МТМУ №65”-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ, соати сиёсӣ баргузор гардид.Дар чорабинии мазкури сиёсии ҳизбӣ, Шодибеки Идӣ- мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, Солеҳов Фарух-сармутахасиси бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, директори муассиса ва омӯзгорони ботаҷриба иштирок ва суханронӣ намуданд.