Маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Рушди соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Вобаста ба ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ба ин соҳа, яъне мактабу маориф диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон  роҳандозӣ намуд.Бо мақсади дар амал татбиқ намудани амалиёти номбурда ин бор дар МТМУ №11-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ соати сиёсӣ баргузор гардид. Хонандагон аз соати сиёсии баргузоргардида ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.