Аёдати беморону барҷомондагон амали хайр аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ин аёдати беморон ва дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар идомаи ҳамоиши ҳизбӣ ҳайати меҳмонон дар Беморхонаи марказии ноҳия ба чаҳор нафар бемор аз оилаҳои ниёзманд кӯмаки молиявӣ расониданд. Беморон аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории хешро ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.